Бо назардошти сардии обу ҳаво, ҳифзи саломатии таълимгирандагон имрӯз фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов «Дар бораи эълон намудани таътил дар муассисаҳои таълимӣ» ба имзо расид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати маорифи ҶТ, тибқи фармоиши мазкур дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ (муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ) аз 3 то 10 феврали соли ҷорӣ таътил эълон карда шуд.
Гуфта мешавад, шуруъ аз 10.02.2014 дар тамоми муассисахои таълимӣ дарс тибқи ҷадвали дарсӣ бояд ба роҳ монда шавад. Соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси идовагӣ дар нимсолаи дуюми таҳсили 2014 гузаронида мешаванд.
Ҳамзамон, фармоиши мазкур раёсатҳои маорифи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, директор ва ректорони муассисаҳои таълимиро вазифадор менамояд, ки аз натиҷаи иҷрои фармоиши мазкур ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти хаттӣ пешниҳод намоянд.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста