Ба муносибати таҷлили ҷашни солгарди навбатии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) мақомоти шаҳрдории Душанбе кумаки якдафъаина ҷудо мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, бо ин мақсад тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз буҷети шаҳр 714 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.

«Ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ, ҳамсарони ҷанговарони дар ҶБВ ҳалокгардида, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд ба ҳар кадоме ба андозаи 900 сомонӣ ва ба муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар давраи ҶБВ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 650  сомонӣ кумакпулии якдафъаина расонида мешавад», - гуфт ӯ.

Ба қавли Шавкат Саидов, мувофиқи ин қарор, муовинони раиси пойтахт вазифадор карда шуданд, ки кӯмаки якдафъаинаро на дертар аз 7-уми май ба шахсони дар боло зикршуда дар манзили зисташон супоранд.