Дар ниммарафони байнулмилалии V-уми шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта баргузор шуд, варзишгари украинӣ Роман Романенко пирӯзӣ ба даст овард.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти шахрдории пойтахт хабар доданд, Романенко дар ниммарафон ба масофаи 22 км миёни мардон ғолиб омада, мақоми дуюмро дар ин мусобиқот Андрей Петров (Ӯзбекистон), сеюмро – Юрий Чечун (Русия), чорумро – Андрей Бризгалов (Русия), панҷумро – Киберес Кембер Квимой (Кения) ва шашумро – Маина Самуэл Вайтака (Кения) касб карданд.
Ба иттилои манбаъ, миёни занон варзишгардухтари Ӯзбекистон Ситора Ҳамидова нахуст ба марра расида, зинаҳои минбаъдаро Юлия Чиженок (Русия), Екатерина Фатеева (Русия), Марина Хмелевская (Ӯзбекистон), Наталя Соловева (Русия) ва Мария Коробитская (Қирғизистон) ишғол намудаанд.
Ёдрас мекунем, ки барои дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани ниммарафони байнулмилалӣ аз буҷети пойтахт беш аз 220 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 40 ҳазор $) маблағ ҷудо гардид. Ғолибони ниммарафон ҳам миёни мардону ҳам миёни занон бо 3,5 ҳазор $, соҳибони зинаи дуюм – 3 ҳазор $, сеюм – 2,5 ҳазор $, чорум – 2 ҳазор $, панҷум – 1,8 ҳазор ва шашум бо 1,5 ҳазор $ мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста