Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи иҷлосияи панҷуми МНМО ҶТ даъвати чорум қонун «Дар бораи адабиёти таълимӣ» якдилона маъқул шуморида шуд.

Зимни шарҳи лоиҳаи қонуни мазкур ба вакилон яке аз муаллифони он, вакили парлумон Лутфулло Саидмуродов зикр кард, ки айни замон баъзе китобҳои дарсии кишвар на ҳамеша ба меъёр ва талаботи маориф ҷавобгӯ буда, ин ба пурра азхуд нашудани барномаи таълимӣ аз ҷониби хонандагон боис мегардад.

«Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, мизони азхудкунии барномаи таълимӣ дар мактабҳои кишвар дар солҳои хониши 2012-2013-ум 69%-ро ташкил дод», - иброз дошт вакил.

Ба қавли ӯ, пас аз пошхӯрии Итиҳоди Шӯравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ҳукумат ба маблағгузории нашри китобҳои нави таълимӣ имкон надошт. «Соли 1999 дар Тоҷикистон – 9 номгӯи китобҳои дарсӣ бо теъдоди умумии 780 ҳазор нусха, солҳои 2001-2011 – 200 номгӯйи китоби таълимӣ бо теъдоди умумии  18 млн. нусха ва солҳои 2012-2013 – аллакай 32 млн. нусха китобҳои дарсӣ ба нашр расиданд», - қайд кард ӯ.

Л.Саидмуродов итминон дод, ки қабули қонуни зикршуда ба беҳбуди сифати нашри китобҳои дарсӣ дар кишвар шароити мусоид фароҳам меоваранд, зеро онҳо ҳатман мавриди ташхис қарор мегиранд.

Вазири маорифи ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саидов дар ин робита изҳор намуд, ки барои низоми маорифи кишвар қабули ин қонун хеле муҳим аст. «Шурӯъ аз соли 2015 нашри китобҳои таълимии насли нав дар кишвари мо оғоз мегардад. Барои муллифони ин китобҳо ояндаи наздик озмун эълон карда мешавад», - зикр кард вазир.