Дар доираи сафар ба минтақаҳои кишвар вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саодат Амиршоева имрӯз бо намояндагони зиёиёни шаҳри Қӯрғонтеппа мулоқот орост.

Котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Амиршоева ба ҳозирин бандҳои асосии Паёми президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба парлумонро, ки рӯзи 23-юми апрел ироа гардида буд, шарҳу тавзеҳ дод.

«Намояндагони зиёини вилоят ба вакил дар бораи мушкилоти соҳаи тандурустии вилояти Хатлон, норасоии дорувории тиббии ройгон, кадрҳои тиббии соҳибтаҷриба ва бекорӣ миёни ҷавонон ибрози назар карданд», - зикр кард Султонов.

Ба қавли ӯ, зимни ибрози андеша ҳозирин ба вакил шикоят кардаанд, ки айни замон нархи доруворӣ дар вилоят ба ҳаддест, ки аксари аҳолӣ ба харидории он имкон надоранд. «Амиршоева ба ҷамъомадагон ваъда кард, ки аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ ва расидагӣ ба ин мушкилот ба унвони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дархости вакилӣ ирсол хоҳад кард», - афзуд Султонов.