Тайи моҳи ахир 20 масҷид дар ноҳияи Восеъ барои роҳандозии  фаъолияти қонунӣ ҳуқуқ пайдо карданд.

Мудир шуъбаи умури дини минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Шариф Абдулҳамидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон боз 26 масҷид дар ноҳияи Восеъ бидуни санадҳои иҷозхатномавӣ фаъолият доранд. «Мо фаъолияти онҳоро муваққатан манъ карда, ҷаримабандӣ мекунем, вале онҳо барои барасмиятдароии ҳуҷҷатҳояшон шитоб надоранд», - гуфт ӯ ва илова намуд, ки дар 10 ноҳияи минтақа то ҳанӯз 138 масҷид бидуни қайд амал мекунанд.

Ба гуфтаи Абдулҳамидов, дар ноҳияи Данғара 69 масҷид фаъолият дошта, танҳо як масҷиди ҷомеъ дар маркази ноҳия ба гузарондани намози дастаҷамъонаи ҷумъа ҳуқуқ дорад. «Аз ин рӯ, рӯзҳои ҷумъа ва бахусус дар рӯзҳои ид ибодаткунандагон маҷбуранд, ки барои адои намоз аз маҳаллаҳои аҳолинишин ба маркази ноҳия ё масҷдиҳои ҷомеи ноҳияҳои ҳамсоя раванд», - иброз дошт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки айни замон дар 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 588 масҷиди сабтшуда амал мекунанд, ки 7-тои онҳо масҷидҳои ҷомеъ ва 52-тоашон масҷидҳои намози ҷумъа мебошанд.