Ба кормандони масъули хадамоти консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Русия муяссар шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳ боз 7 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро аз қаламрави Абхозистон (Абхазия) берун оваранд. Дар ин бора намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод.

Ба иттилои дипломати тоҷик, дар доираи қарордод миёни сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Русия шаҳрвандони ҶТ - Бегматов  Хайрулло  Нумоновичи 30-сола; Ҷӯраев  Шоҳҷаҳон  Худойшукуровичи 21-сола; Довудов Яъқубҷон Саидмамадовичи 46-сола; Шеров  Ҷамолидин  Ғиёсидиновичи 21-сола; Абдуғаниев  Собирҷон Ҳомидҷоновичи 22-сола; Умаров  Зайниддин  Нуровичи 23-сола ва Шукуров Раҷаб Ҳамзаевичи 53-сола тавассути гузаргоҳи муваққатӣ, ки махсус барои онҳо дар яке аз дидбонгоҳҳои марзӣ дар кишвари Краснодари Русия ифтитоҳ гардида буд, ба ин қаламрав гузашта, тариқи хатсайри ҳавоии Краснодар – Душанбе ба ватан баргаштаанд.

«Ин шаҳрвандони Тоҷикистон марзи Русияро убур намуда, ба Абхозистон гузаштаанд, аммо марзбонони рус ба бозгашти онҳо ба қаламрави Русия иҷозат надодаанд. Барои ҳалли масоили марбут ба убури транзитии ин шаҳрвандони тариқи қаламрави Русия вақти муайяне зарур буда, тибқи мувофиқаи сохторҳои дахлдори кишварҳо гузаргоҳи муваққатӣ кушода мешавад, то ки шаҳрвандони хориҷӣ ба ватан баргарданд ва дар ин самт мо бо Вазорати корҳои хориҷии Русия ва дигар мақомоти дахлдори ин кишвар ҳамкории густарда дорем», - зикр мекунад Эгамзод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамин ҳол, сафорати ҶТ дар Русия аз шаҳрвандони кишвар, бахусус афроде, ки дар ҷануби Русия кору зиндагӣ доранд, даъват мекунад, ки барои ба чунин ҳолат дучор нагардидан, аз сафар ба Абхозистон худддорӣ кунанд.

«Мо огаҳем, ки шаҳрвандони мо ба хотири убури марз ва қонунӣ гардонидани будубоши худ дар қаламрави Русия, озими ин ҷумҳурӣ мешаванд, аммо  агар дар пойгоҳи иттилоотӣ дар бораи манъи вуруди ин ё он шаҳрванди ҶТ маълумот мавҷуд бошад, марзбонони рус бозгашти онҳо ба Русияро иҷозат намедиҳанд. Маҳз дар ҳамин ҳолат мушкилот пайдо мешавад, зеро бидуни убури дубораи марзи Русия аз Абхозистон онҳо мустақиман ба Тоҷикистон рафта наметавонанд», - афзуд Эгамзод.

Қобили зикр аст, ки баъди ба охир расидани муҳлати иҷозаи будубош дар Русия, муҳоҷирон барои дубора ба қайд гирифтан бояд ба Ватан баргарданд, аммо барои сабукии кор онҳо ғайриқонунӣ ба давлати ҳаммарзи Русия- Абхозистон рафта, баъдан зимни баромадан аз ин кишвар ба мушкил дучор мешаванд ва ин ҳам дар ҳолест, Тоҷикистон бо Абхозистон равобит ва муносибатҳои дипломатӣ надорад.