Рӯзи 26-уми сентябр иҷлосияи 19-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати чорум баргузор мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, вакилони маҷлис масъалаҳои рафти иҷрои  Кодекси  шаҳрсозии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро баррасӣ намуда, ҳисоботи сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят «Оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 19 октябри соли 2013 «Дар бораи тасдиқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2014-2015» мавриди таҳлилу қарор медиҳанд.

Гуфта мешавад, ба иҷлосияи вакилони халқи вилоят меъморони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони муассисаҳои давлатӣ ва сохторҳои қудратии минтақа даъват карда шудаанд.