Шоми 29-уми сентябри соли ҷорӣ дар Маккаи мукаррама як гуруҳи корӣ бо шумули Раиси мавсими ҳаҷи соли 2014 Тоҷиддин Асомуддинзода, сардори ситоди ҳаҷ-2014 Азизулло Мирзозода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Мустафозода ва дигар шахсони масъул аз макони қурбонӣ дидан намуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ, дар ин ҷо беш аз 6 ҳазор сар гӯсфанд хос барои зоирини тоҷик ҷудо гардидааст, то онҳо тавонанд дар рӯзи Иди Қурбон қурбониро анҷом диҳанд.

Ба иттилои манбаъ, гӯсфандон дар асоси шартномаи миёни Кумита ва ширкати хизматрасон харидорӣ гардидаанд ва дар робита ба ҳар як зоири тоҷик расиди махсус оид ба анҷом гирифтани қурбонӣ дода мешавад.

Гуфта мешавад, инчунин, ба қавли масъулини ширкати хизматрасон аз миқдори умумии гӯшти гӯсфандони қурбонишаванда тақрибан 5 тоннаи он дар ихтиёри зоирини тоҷик гузошта мешавад, то онҳо низ аз қурбонии анҷомдодаи худ тановул намоянд.