Дар шаҳри Химкии Русия нисбати 7 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар як муноқиша иштирок доштаанд, барои риоя накардани тартиботи будубош, бобати ихроҷи маъмурӣ аз қаламрави ин кишвар қарор содир шудааст.

Котиби матбуотии намояндагии хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мушкилот бар асари қарздории ширкати таҳиягари лавҳаҳо ва панҷараҳои рекламавии «Рекстрой» ба муҳоҷирон рӯйи кор омадааст.

«Ба қавли Рустам Олтубоев, яке аз муҳоҷирон аз шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, ин ширкат аз моҳи ноябри соли гузашта аз пардохти музди меҳнат даст кашида, то имрӯз ба онҳо беш аз 4 млн. рубл қарздор шудааст», - иброз дошт ӯ.

Ба қавли Аҳмадов, вақте ин дафъа коргарон ба баровардани маҳсулоти тайёр аз корхона монеъ шуда, пардохти музди меҳнатро талаб мекунанд, раҳбарияти корхона як гурӯҳ ҷавононро даъват мекунад, ки онҳо бо лаҳни на он қадр боадабона дахолат накардан ба кори раҳбариятро талаб мекунанд.

«Дар натиҷа муноқиша сар зада, ҳеҷ кадоме аз шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидааст. Бо мақсади ноил гардидан ба пардохти музди меҳнати муҳоҷирон намояндагӣ аз тамоми тадбирҳои зарурӣ кор гирифта, бо шаҳрвандони Тоҷикистон мудом дар тамос аст», - таъкид дошт котиби матбуоти намояндагӣ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳангоми мулоқоти кормнадони намояндагӣ бо муовини сардори шуъбаи пулиси ин маҳал ӯ изҳор доштааст, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба масъалаи мазкур тадбирҳо пеш гирифта шуда, баъди омӯзиши дақиқи тамоми ҳолатҳои қазия, дар доираи қонунгузории амалкунанда чораҳои дахлдор андешида хоҳад шуд.