Шӯрои генералии иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба номи сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ширкати холдинги ҶСШК «Барқи тоҷик» ва Агентии беҳдошти замин  ва обёри назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиатнома қабул намудаанд.

Дар ин муроҷиатномаи худ Шӯрои генералии итифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз роҳбарони ширкатҳои номбурда дархост кардаанд, ки баҳри пардохти қарзи музди меҳнати кормандонашон кӯшишҳои ҷиддӣ ба харҷ бидиҳанд.

Роҳбари Федератсияи итифоқҳои касбаи мустақили Тоҷикистон Муродалӣ Солеҳ дар ҳоле пешниҳоди қабули ин муроҷиатномаро кард, ки муовини раиси вилояти Хатлон Абдуҷаббор Баҳодурзода зимни суханрониаш дар назди аъзои Шӯрои генералӣ аз 13,4 миллион қарзи музди меҳнат дар вилоят хабар дод.

Ҷаноби Баҳодурзода илова кард, ки сарфи назар аз кӯшишҳои доимии роҳбарияти вилоят, қарзи музди меҳнат дар зерсохторҳои ҶСШК «Барқи тоҷик»  беш аз 10 миллион сомониро ташкил медиҳад ваа пардохти музди меҳнати зерсохторҳои ин ширкат танҳо аз худи ширкат вобастагӣ дорад, на аз зерсоторҳояш. «Ҳамчунин қарзи идораҳои беҳдошти замин ва оберӣи  низ миллионҳо сомониро ташкил медиҳад», - иброз дошт ӯ.

Сипас Муродалӣ Солеҳ пешниҳод кард, ки як муроҷиатнома аз номи Шӯрои генералии Федератсияи Итифоқҳои касабаи  ҷумҳурӣ ба номи роҳбарони ин корхонаҳо ва сарвазири кишвар қабул карда шавад.