«АксесБонк Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо ширкатҳои пешқадам ба мактаб-интернати ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон кӯмаки хайрия расонид.

Дар иттилоияи расмии бонк дар ин робита зикр мегардад, ки чорабинии мазкур дар Боғи Марказии ш.Қӯрғонтеппа баргузор гардида, ба зиёда аз 60 тарбиягирандагони мактаб – интернати номбаршуда кумаки молиявӣ расонида шуда, ба таваҷҷӯҳи кӯдакон консерти дилкаш тақдим карда шуд.

«Мо имрӯз дар гузаронидани ин аксияи муҳими хайриявии башардўстона оид ба дастгирии кўдакони мактаб – интернат саҳми арзандаи худро гузоштем. Дастгирии кӯдакон - вазифаи иҷтимоии ҳар яки мо мебошад ва мо бо камоли хурсандӣ дар якҷоягӣ бо ширкатҳои пешсаф ин иқдомро аз cидқи дил амалӣ сохтем», - қайд намуд Роҳбари филиали ҶСП  «АксесБонк Тоҷикистон» дар ш.Қӯрғонтеппа Каримов Аъзам.  

Бояд қайд намуд, ки ин консерти хайриявии муштаракона зиёда аз 1 500 тамошобинро (аз ҷумла, истифодабарандагони шабакаҳои Интернет, намояндагони васоити ахбори умум, сокинони ш.Қӯрғонтеппа) гирди худ ҷамъ овард.

Маълумотнома: «АксесБонк Тоҷикистон» бо чор филиали дар пойтахт ва яктоӣ филиал дар шаҳри Хӯҷанд, Турсунзода, Қӯрғонтеппа доштааш, яке аз таҳвилгарони пешсафи хизматрасониҳои маблағгузории хурди мамлакат, маҳсуб меёбад. Моҳи сентябр дар Вилояти Суғд Маркази аввалини хизматрасонии бонкӣ кушода шуд. Имрӯзҳо бонк дорои шабакаи филиалӣ ва кормандони ботаҷриба буда, ба зиёда аз 10 000 мизоҷ хизмат мерасонад. «АксесБонк Тоҷикистон» соли 2009 аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD), Корпоратсияи Байналмиллалии Молия (IFC), Бонки Рушди Олмон (KfW)  ва «AccessHolding» бунёд ёфтааст. Самти асосии фаъолияти бонк – қарздиҳии тиҷорати микро ва хурду миёна мебошад. Дар тӯли фаъолияти чорсолаи худ бонк дар қисмати қарзӣ нишондодҳои хеле баландро ба даст овард. Моҳи августи соли 2014 маблағи умумии сандуқи қарзии бонк зиёда аз 50 млн. доллари ИМА - ро ташкил дод. Ду сол пеш, баъди гирифтани иҷозатнома барои ҷалби пасандозҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, сандуқи пасандозии  «АксесБонк»  андозаи зиёда аз 3,5 млн. доллари ИМА - ро ташкил дод. Интизор меравад, ки  тамоюли афзоиши устувор дар солҳои наздик нигоҳ дошта мешавад.