Ширкати «Барқи тоҷик» аз соати 10 то 12-и рӯзи 23-юми январ интиқоли мунтазами нерӯи барқ ба саросари кишварро таъмин мекунад.

Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин иқдом ба ироаи паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон, ки маҳз дар ҳамин фосилаи вақт сурат мегирад, марбут аст.

«Паёми президент ба парлумон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарин дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар мебошад ва аҳолӣ онро бояд таври мустақим аз телевизион тамошо кунад», - қайд кард Ёдгорӣ.

Ба гуфтаи ӯ, аз соати 20 то 22-и шоми 23-юми январ тамоми шабакаҳои давлатии телевизиони ҷумҳурӣ такроран ироаи паёми президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба парлумонро намоиш медиҳанд, ки дар ин вақт минтақаҳо нерӯи барқро тибқи лимити муқарраршуда дастрас мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки тамоми шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон рӯзи 23-юми январ аз соати 10 маросими ироаи паёми президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба парлумонро мустақиман намоиш медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки дар маҷлисгоҳи бузурги Маҷлиси Олии ҶТ соати 9-и субҳи рӯзи 23-юми январ иҷлосияи ҳаштуми муштараки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунад. Пас аз маросими ифтитоҳи расмии иҷлосия таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров, вакилон ба маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» раҳсипор мешавад, ки дар он ҷо сарвари давлат паёми худро ироа мекунад.

Кормандони тамоми корхонаву муассисаҳои давлатӣ ироаи паёми президенти Тоҷикистонро маъмулан мустақим тариқи телевизиону радио тамошову гӯш мекунанд.

Дар паёми ҳамасолаи худ президент оид ба масъалаҳои сиёсату дохиливу хориҷии кишвар, роҳу воситаҳои рушди иқтисоду фарҳанг, беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум ва ҳаёти ҷомеа изҳори назар мекунад.