Вақте соли 2000 мо ба нашри рӯзномаи худ оғоз намудем, тамоман ба барори кор эътимод надоштем. Чаро? Чунки мо ҳақиқатан ҳам намедонистем, ки ин кор чӣ гуна сурат мегирад, яъне газета чӣ гуна таҳияву корбаст ва нашр гардида, хонанда аз мо маҳз чиро интизор аст. Ғайр аз ин, дар бозори нашрия аллакай газетаҳои муваффақе рӯйи кор омада буданд, ки мо гумон доштем  кайҳо  миёни худ ҳамаи хонандагонро тақсим кардаанд.  Сарфи назар аз ин, мо тасмим гирифтем, ки як месанҷем ва кори мо барор гирифт. Мо хонандагони худ, хеле зиёд хонандагон пайдо кардем! Аллакай баъди чанд сол Вазорати фарҳанг моро «беҳтарин газетаи хабарҳои фаврӣ» номида, теъдоди нашри газетаи «Азия-Плюс» миёни рӯзномаҳои сиёсии Тоҷикистон аз ҳама бештар шуд. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки бинобар сабабҳои объективӣ шумори хонандагони русзабон торафт камтар мешуд. Дар минтақаи интернетии TJ агентии иттилоотии мо  - ASIA-Plus бешубҳа яке аз пешсафон аст, ки имсол 20-солагии таъсисёбиашро ҷашн мегирем. Аз торнамои мо –  www.news.tj  ҳамарӯза 18-20 ҳазор нафар ва баъзе рӯзҳо то 40 ҳазор нафар (!) корбарони Интернет истифода мекунанд, ки ин ҳам як рекорди мутлақ дар Тоҷикистон аст.

Тӯли ин солҳо мо бо кишварамон марҳилаҳои гуногуни умеду рӯҳафтодагӣ, комёбиву нобарорӣ, дастовардҳои ҷолиб ва нокомиҳои ғамангезро паси сар кардем. Мо кӯшиш кардем, ки ҳамеша паҳлӯи мардуми оддӣ бошем, мушкилоту ташвиш, андеша, орзуву омол, хоҳиши кадом тағйирот дар кишвари мо будани онҳоро ба қалам диҳем. Табиист, ки маводи танқидии мо алайҳи ришвахӯрон, судҳои беадолат, шиканҷа дар зиндонҳо, нодонӣ ва зархаридии мансабдорон аксуламал ба бор меоварданд. Моро таҳти фишор қарор доданд, таҳдид намуданд ва нисбати мо ба суд шикоят бурданд. «Барои паст задани шаъну эътибор» аз мо пардохти ҷаримаҳои гӯшношунид талаб карданд ва ин баъзан аз ҷониби афроде сурат мегирифт, ки ҳамон «шаъну эътибор»-ро аллакай кайҳо фурӯхта буданд…

Мо истодагарӣ карда, ба корамон идома медиҳем. Вақте журналистони ҷавон аз ман сирри комёбии «Азия-Плюс»-ро мепурсанд, ман посух медиҳам, ки он хеле оддӣ аст: бо хонандаи худ бовиҷдону софдил буда, барои ӯ заҳмат мебояд кашид. Хонанда ҳамаро дарҳол эҳсос мекунад, ки оё метавон ба ту бовар кард? Ин эътимод арзишмандтарин чизест, ки мо бо худ дорем, он калиди фатҳи қуллаҳои комёбӣ барои ҳама гуна газетаву ВАО аст. Ин эътимоди хонандагони мо буда, минбаъд низ талош хоҳем варзид, ки ба ин бовар сазовор бошем.

Ба ҳамаи он касоне, ки тӯли ин солҳо ҳамроҳи мо буданду ба мо бовар доштанд ва минбаъд низ бо мо мемонанд, самимона миннатдорӣ изҳор мекунем! Бигзор шиори дар оғози фаъолияти мо интихобшуда – «Фардо беҳтар мешавад!» ҳамеша рӯзмарра боқӣ монад!