Дар робита ба обуҳавои номусоид, мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон дар бораи аз 24 феврал шабона манъ кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд то ба эътидол омадани вазъ дар роҳҳо тасмим гирифт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, тайи рӯзҳои ахир бар асари тармафароӣ дар роҳи мазкур 5 тан ҷони худро аз даст доданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар даъват мекунад, ки то рӯзи 26 феврал аз сафар тавассути роҳҳои мошингард дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд.