Бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои Иди модарону Наврӯз, моҳи марти имсол сокинони Тоҷикистон 14 рӯз истироҳат мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, мутобиқи меъёрҳои қонун «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ ба рӯзҳои истироҳати шанбе ё якшанбе рост ояд, пас рӯзи кории минбаъда низ рӯзи истироҳат шуморида мешавад.

Масалан, санаи 8 марти имсол, ки Рӯзи модарон ҷашн гирифта мешавад, ба рӯзи истироҳати якшанбе рост меояд, аз ин рӯ, рӯзи дигар – 9 март низ рӯзи истироҳат аст.

Рӯзҳои истироҳат барои таҷлили ҷашни Наврӯз расман 21, 22, 23 ва 24-уми март эълон шудааст ва чун рӯзҳои 21 ва 22 март ба рӯзҳои шанбе ва якшанбе рост меоянд, пас тоҷикистониён боз рӯзҳои 25 ва 26 март низ истироҳат мекунанд.

Ҳамин тариқ, моҳи марти соли равон шаҳрвандони Тоҷикистон 14 рӯз - 1, 7, 8, 9, 14, 15, 21, 22, 23, 24, 25, 26, 28 ва 29 март истироҳат мекунанд.