Рӯзи 12 май раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо сафири ғайримуқими давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кармела Шамир мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни сӯҳбат ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Исроил омодагиашонро изҳор намуданд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки ҷонибҳо метавонанд барои рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамкориҳои самаранокро ба роҳ монанд.

Тавре Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт дар вилояти Суғди Тоҷикистон ду сол инҷониб дар соҳаи кишоварзӣ ислоҳот ҷараён дорад ва дар натиҷаи таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ беш аз 40 ҳазор хоҷагиҳои оилавию инфиродӣ таъсис дода шудааст. Дар ин замина истифодаи технолигияҳои пешрафтаи кишвари Исроил дар бахши кишоварзӣ ба манфиати кор арзёбӣ гардид.

Раиси вилоят ҳамзамон аз эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар қаламрави вилояти Суғд ёдовар шуда, таъкид намуд, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тавассути эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофии дастӣ ва атласу адрасбофӣ шаҳрвандон, махсусан бонувонро бо ҷои кор таъмин менамояд.

Дар ҷараёни сӯҳбат инчунин ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи туризм, фарҳанг ва табодули молу маҳсулот миёни кишварҳо изҳори омодагӣ намуданд.

Гуфта мешавад, меҳмонон дар идомаи сафар аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», шаҳраки Сайҳун, ҶДММ «ВТ-СИЛК», МД «Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» боздид мекунанд.