Рӯзҳои 27-29 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии 10-уми гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия оид ба ҳалли масоили марбут ба иҷрои муқаррароти Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004 баргузор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ин робита иттилоъ дод, дар ҷаласа ҷонибҳо ҳамчунин ҷузъиёти масъалаи вобаста ба бекор кардани манъи вуруди гурӯҳҳои ҷудогонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русияро низ матраҳ месозанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ ҳамчунин атрофи Созишнома миёни ҳукуматҳои ҳарду кишвар дар бораи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини нафақаи шаҳрвандон низ табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Бино ба маъулмоти мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон, айни замон беш аз 200 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар барои риоя накардани меъёрҳои қонунгузории муҳоҷирати Русия аз ин кишвар хориҷ шуда, дар як муддати муайян ба вуруд шудан ба қаламрави Русия ҳуқуқ надоранд.