Имрӯз дар Душанбе ному насаби хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумиро, ки ба макотиби олии байнулмилалии Малайзия ва Кипр дохил шудаанд, эълон карданд.

Ба стипендияҳо хонандагони синфҳои 11 аз шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода соҳиб гардиданд. Хонандагони зинаи аввалро касбкарда бепул таҳсил мекунанд, толибилмони соҳиби ҷойҳои дуюм 25%-и маблағи таҳсилро пардохт намуда, 75%-и боқимондаи маблағ аз ҷониби ҳукумати ҶТ ва TM International пардохта мешавад ва хонандагони зинаи сеюмро ишғолнамуда нисфи маблағи таҳсилро аз ҳисоби худ пардохт мекунанд. Ҳамагӣ 26 толибилмон ба квотаҳо барои таҳсил дар мактабҳои олии Кипр ва Малайзия соҳиб шуданд.

Квотаҳоро ба хонандагони муваффақона имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олии Кипр ва Малайзияро супурда сардори Раёсати ҳамкориҳои байнулмилалии Вазорати маориф ва илми ҶТ Абдусаттор Одинаев тақдим намуд.

Сипас ӯ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бархе аз донишҷӯёни соҳиби квота барои таҳсил дар хориҷи кишвар одоби рафтору кирдорро фаромӯш мекунанд: «Баъзе духтарони тоҷик дар хориҷи кишвар, ки аз назари волидон дуранд, машрубот истеъмол намуда, натанҳо дар хобгоҳҳо беодобӣ зоҳир мекунанд, балки чунин ҳодиса ҳатто дар назди даромадгоҳи сафорати Бразилия дар Русия низ рух додааст. Писарони тоҷик бошанд, аз таҳсил даст кашида, волидонро маҷбур мекунанд, ки ба онҳо пул фиристанд».

Одинаев ҳамчунин қайд кард, ки ҷавонон бояд масъулиятро эҳсос намуда, худ ва волидонашонро, ки ба ояндаи неки фарзандонашон умедворанд, шарманда насозанд.