Давоми 4 моҳи соли равон мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар қаламрави шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ фаъолияти 35 ширкатро дар мавриди қонунӣ будани ҷалби қувваи кории хориҷӣ аз ҷониби онҳо мавриди санҷиш қарор доданд.

Аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ширкатҳои зикршуда дар баробари 3 ҳазору 615 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ҳамчунин боз 2 ҳазору 49 нафар шаҳрвандони Чину Русия, Эрону Афғонистон, Арабистони Саудиву Италия ва Қирғизистон низ бо ҷойҳои корӣ таъмин карда шудаанд.

Ба иттилои манбаъ дар ҷараёни санҷишҳо нисбати 83 шаҳрванди хориҷӣ барои риоя накардани қоидаҳои будубош дар қаламрави Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ дар бораи қонуншиканӣ тартиб дода шуда, барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои будубош дар қаламрави кишвар, 56 нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо таъиноти суд аз қаламрави Тоҷикистон берун карда шудаанд.