Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи таъсиси ситоди омодагии пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистони оянда қарор ба имзо расонид.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ медиҳад, роҳбарии ситоди мазкур ба дӯши муовини аввали раиси пойтахт Ашӯрбек Расулов вогузор гардида, ба ҳайати он муовинони соҳавии раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт роҳбарони ташкилоту корхонаҳои дахлдори шаҳри Душанбе шомил шудаанд.

Бо дастури раиси пойтахт, ҷаласаҳои ситод то 15 октябр - 1 маротиба дар як ҳафта ва аз 15 октябр то 1 декабр - 2 маротиба дар як ҳафта баргузор карда мешаванд. Аз 1 декабри соли равон то 15 марти соли 2016 бошад, ситод ҳамарӯза ҷаласа барпо мекунад.