Анонс

- Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ ба кори худ идома медиҳад;

- Дар Душанбе ҷаласаи сайёри ҳамоҳангсози Машварати раисони Кумитаҳо (Комиссияҳо)-и мудофиа ва амнияти парлумонҳои кишварҳои узви СААД дар назди Ассамблеяи парлумонии СААД доир мегардад;

- Сафари роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СААД ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви СААД  ва Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд оид ба мушкилоти таҳдидҳои маводи мухаддир идома меёбад;

- Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе вохӯрии 1/8 финалии Ҷоми КФО-2015 миёни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) ва «Ал-Ваҳда» (Сурия) баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 20-00.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.2687 сомонӣ;

1 евро – 6.8752 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1315 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Дар Тоҷикистон Рӯзи адвокатҳо ҷашн гирифта мешавад.

1896 – Дар боғи «Эрмитаж»-и шаҳри Маскав аввалини киносеанс баргузор шуд.

1928 – Дар ҷаласаи ФИФА доир ба ҳар чор сол як бор доир намудани Чемпионатҳои ҷаҳон оид ба футбол қарор қабул шуд.

1929 – Дар Маскав бори нахуст дар таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ пахши гузориши радиоии бозии футбол роҳандозӣ шуд.

2011 — Маҷлиси нахустини умумии солонаи саҳҳомони нерӯгоҳи обӣ-барқии сохташавандаи «Роғун» баргузор шуд.

1933 — Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, пофессор Хушқадам Қамариддинов.

1938 — Мавлуди доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Кенҷа Ҳасанов.

1959 – Зодрӯзи Абдуфаттоҳ Шарифзода, котиби матбуотии президенти Тоҷикистон.

1969 — Мавлуди рӯзноманигор Мавлуда Раҳматова.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +12+17.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +23+28, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +8+13.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +13+18; дар шарқ шабона 0-5, рӯзона +8+13.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +11+16.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +25+27.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +25+27.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +16+18.