Ҳафтаи ахир Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бори навбатӣ ба дастрас шудани музди меҳнати муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳаҷми 990 ҳазор рубл мусоидат намуд.

Сухангӯи намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки 650 ҳазор аз ин маблағро бригадаи бинокорони тоҷик дастрас кардаанд, ки аз моҳи декабри соли 2014 дар ҶДММ «Виккос»-и шаҳри Маскав машғули кор буда, ба онҳо музди меҳнаташонро пардохт накардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин бо мусоидати намояндагӣ ба муҳоҷирони тоҷики машғули кор дар ҶДММ «Строй-Сервис» дар минтақаи Урал, зодагони ноҳияи Нуробод Маҳмадалӣ Сангов ва Муродалӣ Сафаров музди меҳнаташон дар ҳаҷми 172 ҳазор ва 118 ҳазор пардохт карда шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки баъди муроҷиат ба намояндагӣ ба муҳоҷирони кории тоҷик Санавбар Сафарова (Варзоб), Фирӯза Мирзомуддинова (Бохтар), Гулнора Одинаева (Қубодиён) ва Мамлакат Имомова (Конибодом), ки дар муассисаҳои гуногуни хӯроки умумии шаҳри Екатеринбург кор мекардаанд, дар маҷмӯъ ба дастрасии беш аз 160 ҳазор музди меҳнаташон мусоидат карда шудааст.