Иштирокчии 29-умин “Конвенсияи байналмилалӣ оид ба сифат дар соли 2015” - Осоишгоҳи “Зумрад”-и шаҳри Исфара соҳиби ҷоизаи байналмиллалии тиллоии “Qualitu Summit” гардид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Ню-Йорк-и ИМА, ки дар он намояндагони 72 ширкати ҷаҳонӣ иштирок доштанд,  доир гашта, осоишгоҳи “Зумрад” дар номгӯи “Барои сатҳу сифати олии хизматрасонӣ” ҷои пешсафро касб ва ба ҷоизаи мазкур мушарраф гаштааст. 

Гуфта мешавад, дар ин бора  ба хабаргузорӣ зимни ифтитоҳи  бинои меҳмонхонаи  тозабунёд  бо номи «Соҳилоро», ки дар шафати осоишгоҳи “Зумрад”, ки аз ҷониби  як соҳибкори маҳаллӣ бунёд шудааст, директори генералии осоишгоҳи «Зумрад» Зафар Олимов хабар додааст. Мутобиқ ба маълумоти  З.Олимов, меҳмонхонаи  «Соҳилоро» аз 10 ҳуҷра иборат буда, барои истифодаи 20 нафар меҳмону истироҳаткунандаи осоишгоҳ пешбинӣ шудааст.

Хотиррасон мешавад, ки қаблан низ дар замони шӯравӣ осоишгоҳи «Зумрад»  аз осоишгоҳҳои намунавӣ ва дорои шӯҳрати хосса ба ҳисоб рафта, он чандин маротиба ба ҷоизахои озмунҳо байни осоишгоҳҳои  умумииттифоқӣ сазовор дониста шудааст.