Анонс

- Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ вохӯрии мавқуфмондаи даври ҳафтуми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат миёни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) ва «Регар-ТадАЗ» (шаҳри Турсунзода) доир мегардад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.2685 сомонӣ;

1 евро – 6.8294 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1 301 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1933 — Бо қарори КИМ ҶШС Тоҷикистон ноҳияи Ванҷ таъсис дода шуд.

1943 – Шӯрои комиссарон ва КМ ҲК (б) Тоҷикистон оид ба ташкили «Театри фронтии ҶШС Тоҷикистон» барои намоиш дар қисмҳои ҳарбии Ариши Шӯравии амалкунанда қарор қабул кард.

1992 – Роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон.

2003 — Дар Душанбе миёни САҲА ва ТҒД «Фонди Швейтсария оид ба безараргардонии минаҳо» созишнома ба имзо расид.

2012 — Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар шаҳри Теҳрон, миёни кишварҳо 5 созишнома дар бахшҳои гуногун ба имзо расид.

2014 — Баронессаи Британия Кабир Стернро бори нахуст ба боздид аз муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон роҳнамоӣ карданд.

1912-1975 – Зодрӯзи оҳангсоз, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Мухтор Ашрафӣ, ректори Консерваторияи давлатии Тошканд.

1936-1985 – Мавлуди овозхон Барот Яхшӣ.

1939 – Зодрӯзи актёри театр Амирҳайдар Давлатов.

1940 – Мавлуди нависанда Маҳкам Пӯлодов.

1957 – Зодрӯзи адабиётшинос Абдувалӣ Давронов.

1972 – Мавлуди коргардони кино Умедшоҳ Мирзоширинов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +22+27.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +16+21.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +17+22; дар шарқ шабона 0-5, рӯзона +8+13.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +18+23.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +30+32.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +19+21.