Таҳти унвони «Муҳаббати гумгашта» китоби собиқ диктори маъруфи телевизион, номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон дар интихоботи парлумонии соли 2005 Муаттара Ҷӯраева нашр шуд.

Олиябону Ҷӯраева, модари Муаттара Ҷӯраева ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки теъдоди нашри китоби духтараш 500 нусхаро ташкил медиҳад.

Собиқ ровии телевизион дар китоб қиссаи муҳаббати духтари озарбойҷонӣ ба ҷавони тоҷикро ба риштаи қалам кашидааст, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ оилаи духтар аз Тоҷикистон кӯч баста, дилдодагон аз ҳамдигар ҷудо мешаванд, вале баъди фироқи тӯлонӣ боз бо ҳам рӯ ба рӯ меоянд.

Ба қавли модари Муаттара, китоб дар нашриёти «Андалеб» ба чоп расида, ӯ кӯшиш ба харҷ додаст, ки бо ин кор каме бошад ҳам, духтари дар маҳбас қарордоштаашро рӯҳбаланд намояд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 17 марти соли равон суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муаттара Ҷӯраеваро  ба 9 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Мутобиқи қонуни афв ба муносибати 20-солагии қабули Конститусия, сеяки муҳлати ҷазои ӯ кам шуда, акнун аз муҳлати ҷазои ӯ 5 сол боқӣ мондааст.

Баъди 2 моҳи содир шудани ҳукм, Муаттара Ҷӯраева аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Вазорати адлия ба муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак гузаронида шуд.