Имрӯз, 1 июни соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  таҳти садорати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти намояндагию иҷроияи шаҳрию ноҳиявӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва назорати давлатию ҷамъиятӣ ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, зимни ҷаласа роҳбарияти сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ  вазифадор карда шуданд, ки дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда оиди қатъ намудани фаъолияти мошинбозор ва аз марзи шаҳр берун баровардани он, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Ғайр аз ин, раиси пойтахт таваҷҷуҳи ҳозиринро ба пешгирии воридшавии нақлиёти дорои литсензия набуда ба пойтахт, аз байн бурдани ҳолатҳои ҷойдоштаи бенизомию танбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳо ва пурзӯр намудани назорати прокурорӣ нисбати хилофкорони қонун ҷалб намуд.

Ҳамзамон дар ҷаласа вазъи санитарию эпидемиологии шаҳр, барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ, вусъати тадбирҳо оид ба таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва рафъи садамаҳои бамиёноянда, аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, назорати дахлдор нисбати нуқтаҳои фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан, ҳолати роҳ, наҳру селпартоҳо ва риояи меъёрҳои истифодабарии дарёҳои марзгузари шаҳр, пешгирии ғасби худсаронаи замин, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, реклама ва ороиши мақсадноку мавзӯии шаҳр, тавсеаи барномаҳо баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва масъалаи ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе ҳадафманд доир намудани Рӯзҳои шаҳр дар ноҳияҳои он баррасӣ шуданд.