Сафири Тоҷикистон дар Эрон Неъматулло Эмомзода рӯзи 31 май бо волии музофоти Ҳамадони Эрон Муҳаммад Носири Некбахт дидору гуфтушунид кард.

Намояндагии дипломатии Душанбе дар Теҳрон дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ин вохӯрӣ дар остонаи сафари волии Ҳамадон ба вилояти Хатлони Тоҷикистон баргузор шудааст.

Гуфта мешавад, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо миёни бародаршаҳрҳо - Кӯлобу Ҳамадон, афзоиши квотаҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар макотиби олии музофот, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии ҳамкориҳои ҷонибҳо дар рушди бахшҳои энергетика, нақлиёт, коммуникатсия, маориф ва тандурустиро баррасӣ карданд.