Рӯзи 26 июни соли 2015 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода бо кордори сафорати Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон ҷаноби Ём Ки Ёнг  дидору гуфтушунид кард.

Дафтари матбуоти Вазорати мазкур дар ин робита менависад, дар вохӯрӣ масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, касбомӯзии шаҳрвандон ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ  дар Тоҷикистон  мавриди муҳокима қарор гирифт.

Гуфта мешавад, тарафҳо ҷиҳати марҳила ба марҳила тавсеа додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд омодагӣ изҳор намуданд.