Анонс

- Соати 19-00 дар «Театри Киноактёр»-и шаҳри Маскав дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия ҳунарнамоии санъаткорони тоҷик идома меёбад;

- Дар Душанбе Ярмарка-намоишгоҳи байнулмилалии маърифатии Ҷумҳурии Беларус ба кори худ идома медиҳад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.2748 сомонӣ;

1 евро – 6.9958 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.10 46 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1937 – Ташкили Хонаи ҷумҳуриявии эҷодиёти халқи Тоҷикистон.

1937 – Шӯрои комисарони халқ ва КМ ҲК (б) Тоҷикистон дар бораи ташкил кардани Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ қарор қабул карданд.

1937 — Таъсис ёфтани Филармонияи давлатии Тоҷикистон.

2006 — Дар оилаи Мӯсоевҳо дар шаҳри Душанбе сокини 7-миллионнафараи Тоҷикистон ба дунё омад. Тифлро Фаридун ном гузоштанд.

2007 — Дар Тоҷикистон ташкилоти нави гурӯҳи расонаҳо (медиа) – Ташкилоти рушди журналистони ҷавон таъсис дода шуд.

2009 — Дар Душанбе миёни Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва Палатаи савдо ва саноати музофотҳои ғарбии Афғонистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

2014 — Дар пойтахти Тоҷикистон сохтмони дарозмуҳлати бинои меҳмонхонаи панҷиторадори «Sheraton», ки соли 2005 оғоз гардида буд, ба итмом расид.

1899-1966 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Бобоқул Файзуллоев.

1932 – Мавлуди оҳангсоз Ҷӯрабой Охунов.

1943 – Зодрӯзи нависанда Абдуғаффори Партав.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +28+33.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +20+25.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +12+17, рӯзона +26+31; дар шарқ шабона +6+11, рӯзона +15+20.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +27+32. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +29+31.