То охири ҳамин моҳ ҳавзи шиноварии 50-метраи шаҳри Кӯлобро ба истифода доданианд.

Собиқ кормандони Кумитаи варзиш дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» гуфтанд, 15 сол қабл чунин ҳавз сохтанӣ шуда, чуқурии ҳавзаро кофта буданд, вале чун қоидаҳои бетонрезӣ дар дохили ҳавзро риоя накардаанд, баъди об сар додан, он аз қабати девораҳои бетонӣ гузашта, зери замин мерафтааст.

Ба гуфтаи онҳо, ҳавзи шиноварии кунунӣ аз ҳисоби маблағҳои Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ сохта шуда истодааст. Чун охири моҳ ба истифода додани ҳавз ба нақша гирифта шудааст, айни замон корҳои сохтмон дар он пурҷӯшу хурӯш ҷараён доранд.

Чанд акс аз майдони сохтмони ҳавзи шиноварӣ.