Дар шаҳри Душанбе бахшида ба соли оила озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарини сол» байни бонувони кишвар баргузор гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, дар озмун аз вилояти Суғд се нафар кадбонуҳои беҳтарин ширкат намуданд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ шаҳри Хуҷандро дар ин озмун журналисти шинохта Ҳадя Набизода намояндагӣ намуд.
Озмун дар Боғи ботаники шаҳри Душанбе баргузор гашта дар он аз ҳар минтақаи кишвар се нафарӣ иштирок доштанд. Тибқи низомнома иштирокчиён бояд ду намуди хӯроки миллии қадимаи тоҷикӣ ва хӯроки аврупоӣ, ҳамчунин ширинию кулчақанд, ҳалво нӯшоба, шарбат омода намуда тарзу усули хоси оро додани дастурхонро пешкаш менамуданд.
Кадбонуи Хуҷанд Ҳадя Набизода ба ҳозирон ва ҳайати ҳакамон хӯроки «Кичирии Хуҷанд», ҳалвои кадугӣ, нӯшобаи хуч бо чойкаҳак хуришҳои мевагӣ ва дигар намудҳои гуногуни ғизоро пешкаш намуда, хусусиятҳои табобатӣ, таъсири мусбии он ба ҳолатҳои равонии инсонро муаррифӣ намуд. Ба ҳайати ҳакамон хусусан маводи ғизоӣ аз сабзавоту меваҷот омода намудаи Ҳадя Набизода, ки хавфи ба бемории саратон дучор шудани инсонро кам мекунад, писанд омад ва аз ҷониби онҳо баҳои баланд гирифт.
Дар ниҳоят кадбонуи хуҷандӣ сазовори ҷойи аввал гашта соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ ва дипломи озмун гашт.
Марги 4 узви як хонадони тоҷик дар пайи сухтор дар Русия
Боздошти марде, ки ронандаи автобусро латукӯб кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Роҳи амон мондан аз хашми Худо”
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов на танҳо театр, балки тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Агар пора мегирифтам, сутунҳои хонаам аз тилло мешуд”. Сайфулло Сафаров 70-сола шуд
“Рухсатнома надорем”. Интиқоли мол аз Чин муваққатан қатъ шудааст
Дар Русия рақами ягонаи машваратӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон роҳандозӣ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Воиз ва дуо барои гумроҳон”
Суроға ва телефони марказҳои омӯзиши забони кореягӣ. Барои сафар ба Корея дар куҷо ва чӣ гуна бояд омода шуд?
Рӯзи рақобати дуюми “уқоби тоҷик” дар UFC маълум шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста