Беш аз як ҳазор нусха дастури омӯзишии «Таърихи Русия» барои муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия фиристода шуд, ки муаллифаш Зафар Сайидзода, номзади улуми фалсафа, сармушовири дастгоҳи ёвари президенти Тоҷикистон оид ба робитаҳои байнулмилалӣ ва собиқ котиби матбуотии президенти Тоҷикистон мебошад.
Дастур миёни диаспораҳои тоҷикон дар Русия тақсим шуда, ҳамчунин аллакай ба мағозаҳои фурӯши китоб ва китобхонаҳои Тоҷикистон ирсол гардидааст. Дар ҳавопаймоҳои хатсайри Русия низ зимни сафар мусофирон метавонанд бо ин дастур шинос шаванд.
Ин дастур барои омӯзиши мустақилонаи таърихи Русия аз давраи қадим то замони муосир пешбинӣ шудааст. Ба андешаи таҳиягари он, ҳадаф аз таълифи он кумак ба муҳоҷирони кории тоҷик барои азхуд намудани дониши зарурӣ роҷеъ ба таъриху фарҳанги Русия аст.
Бо такя ба ҳаҷми зиёди адабиёту сарчашмаҳо, муаллиф кӯшидааст, ки дар бораи таъриху фарҳанги Русия ҳарчи бештар маълумот гирдоварӣ намуда, мазмуну мундариҷаи онро мувофиқи имкон дар шакли муъҷазу мухтасар ва бо забони соддаву фаҳмо пешниҳод намояд.
Ба андешаи адиби тоҷик Абдувоҳид Ғаффорӣ, дастури омӯзишии нашршударо метавон «Таърихи Русия барои дӯстдорони Русия» низ ном бурд. «Ин ҷо муаллиф ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳаяҷон роҳ надода, танҳо ҳолати рӯҳии он касонеро ифода кардааст, ки Русия барояшон хонаи дуюм шудаасту дар он ҷо онҳо сарпаноҳу умед, имкони кору таъмини рӯзгорро дарёфтаанд», - қайд кардааст Ғаффорӣ.




Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста