Шурӯъ аз соли 2000-ум бо қарори Ассамблеяи генералии СММ санаи 18 декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байнулмилалии муҳоҷир ҷашн гирифта мешавад.

Даҳ сол қабл, 18 декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ Конвенсияи байнулмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои тамоми муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаи онҳоро қабул кард.

Дар изҳороти интишоршудаи СММ дар робита ба ин ҷашн қайд мешавад, ки ҳукуматҳои ҳамаи кишварҳо бояд ба ҳуқуқҳои муҳоҷирон эҳтиром гузоранд.

Гуфта мешавад, муҳоҷирон набояд аз суистифодаҳо, истисмор ва зӯроварӣ азият кашанд. Сарфи назар аз мақоми маъмурӣ ё вазъ, муҳоҷирон низ бояд аз ҳамон ҳуқуқҳое бархӯрдор бошанд, ки дигар шаҳрвандон доранд.

Бино ба маълумоти СММ, соли 2013 шумори муҳоҷирони байнулмилалӣ, ки берун аз кишварҳои худ кору зиндагӣмекарданд, 232 млн. нафар ё худ 3,2% аз шумори аҳолии сайёраро ташкил додааст. Соли 2000 шумори муҳоҷирон ба - 175 млн. ва соли 1990 ба - 154 млн. нафар баробар буд.

Тибқи гузоришҳои коршиносон, ҳар кадоме аз 35-ум сокини сайёра муҳоҷир мебошад, ки берун аз қаламрави кишвари худ кору зиндагӣ мекунад.

Муҳоҷирати оммавии корӣ аз Тоҷикистон баъди соҳибисиқол гардидани кишвар ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуда, сарфи назар аз ҳудуди аллакай 20 сол дар қаламрави Тоҷикистон ҳукмфармо будани сулҳу осоиштагӣ, шумори муҳоҷирон кам намешавад.

Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, аз аҳолии беш аз 8-миллионнафараи Тоҷикистон таҳо дар ин ишвар ҳудуди 1 млн. нафар тоҷикистониён кору зиндагӣ мекунанд. Ҳамчунин тоҷикистониён барои дарёфти кор муҳоҷират ба Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои хориҷиро ихтиёр мекунанд.

Интиқоли маблағҳои пулие, ки муҳоҷирони корӣ ба оилаҳои худ мефиристанд, қариб ба ба 50%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохлии кишвар баробар аст.

Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, тӯли 9 моҳи соли буҳронии 2015 муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон тариқи низомҳои интиқоли маблағҳои пулӣ 1 млрд. 54 млн. доллари ИМА маблағ фиристодаанд.