Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 23 январ машварати корӣ доир намуд, ки дар он масоили марбут ба тезонидани суръати корҳои сохтмон дар иншооти сохташаванда аз ҳисоби буҷети пойтахт баррасӣ шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, раиси пойтахт аз Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дархост намудааст, ки дар муддати ду ҳафта консепсияи азнавсозии гулгашт дар майдони умумии 15 гектар дар қаламрави кӯчаи Низомии Ганҷавиро омода созанд.

Раиси шаҳр ба хадамоти дахлдор ҷиҳати ҷудо кардани қитъаи замин ба Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар қаламрави кӯчаи Садриддин Айнӣ барои сохтмони мактаби рушди зеҳнӣ дастур додааст.

М.Убайдуллоев ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳозирин ва мақомоти шаҳрро ба иҷрои хушсифати корҳо дар иншооте, ки аз ҳисоби буҷети шаҳр сохта мешаванд, ҷалб намудааст.