Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ иттилоъ дод, ки сарфи назар аз пурзӯр шудани масъулияту ҷавобгарӣ барои фоҳишагарӣ дар ҷумҳурӣ, шумори фоҳишаҳо дар кишвар кам нашуда, баръакс афзудааст.

Ба гуфтаи мутахассиси Кумита Маҳбуба Азимова, соли 2015 шумори фоҳишаҳо дар ҷумҳурӣ 414 нафар зиёд шуда, ба 2 ҳазору 66 нафар расидааст. «Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 157 фоҳишахонаҳо ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2014 ба миқдори 37-то камтар аст», - иброз дошт номбурда.

Дар шарҳи масъалаи афзоши сафи фоҳишаҳо дар кишвар ӯ хотиррасон намуд, ки «вақте мо изҳор доштем, ки мардон бояд аз истифодаи хизматгузории фоҳишаҳо худдорӣ кунанд, то ки ин зуҳуроти номатлуб пешгирӣ шавад, изҳороти мо ба баъзеҳо нафорид».

Ёдрас мекунем, ки тибқи тағйироти аз ҷониби парлумон воридшуда ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, минбаъд тафтишу таҳқиқи парвандаҳои маъмурӣ нисбати фоҳишагарӣ танҳо ба дӯши Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти судӣ вогузор мегардад. Қаблан ба ин кор дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти прокуратура низ ҳуқуқ дошт.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки агар пештар дар ҷумҳурӣ барои машғул шудан ба фоҳишагарӣ танҳо ҷазои ҷаримабандӣ аз 400 то 800 сомонӣ пешбинӣ гардида буд, акнун ҳаҷми ин ҷаримаҳо аз 800 то ба 1,6 ҳазор сомонӣ мерасад ва ҳамчунин ҷазо дар шакли ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз низ пешбинӣ шудааст.