Бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ» озмуну мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ доир гардида, ба ин муносибат шоҳҷоизаҳо ва нишони хотиравӣ тасдиқ карда шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои ғолибони ҷойҳои беҳтарин шоҳҷоизаҳо муқаррар шуда (барои беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ «Ҷоми Ҷамшед» ва барои вилояти беҳтарин «Ҷоми Истиқлолият»), бо Президенти Тоҷикистон мувофиқа гардидаанд.

Гуфта мешавад, ин ҷоизаҳо дар рӯзҳои ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат супорида мешаванд.