Анонс

- Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров зимни сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербург, ки имрӯз шурӯъ мегардад, ният дорад, ки бо раҳбарияти олии Русия ҷараёни тафтиши занозании оммавӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскавро баррасӣ кунад;

- Дар Душанбе Форуми 7-уми байнулмилалиии мутахассисони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Уқёнуси Ором оид ба мероси фарҳангии ғайримоддии кишварҳои ин минтақа - Intangible Cultural Heritage Centre for Asia and the Pacific (ICHCAP - узви ЮНЕСКО) ба кори худ идома медиҳад. Дар кори форум намояндагони Корея, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Муғулистон иштирок доранд;

- Бо ташаббуси ВКД Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонони назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар минтақаи Рашт миёни писарону духтарон пойгаи аспдавонӣ доир мегардад;

- Дар Коллеҷи ҳунари шаҳри Душанбе ба номи А.Бобоқулов ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ консертҳои ҳисоботии ҳамаи шуъбаҳои муассисаи таълимӣ ва ҳамчунин Рӯзи дарҳои кушод баргузор мешаванд;

- Дар толори конфронси Федератсияи футболи Тоҷикистон соати 10-00 маросими қуръапартоии даври пешакии мусобиқаи Ҷоми ҷумҳурӣ барпо мешавад;

- Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Дурнамои ҳаракатҳои исломӣ дар Осиёи Марказӣ”маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” баргузор мегардад. Оғоз соати 14:00.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8690 сомонӣ;

1 евро – 8.9242 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.11 82 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

2002 – Миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишномаи иловагӣ дар бораи марзи давлатӣ, Эъломияи муштарак ва Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар бахши комплекси энергетикӣ ва сӯзишворӣ ба имзо расиданд.

2003 – Шабакаи радиои «Азия-Плюс» таҳти сарпарастии президенти ҷумҳурӣ маросими нахустини тақдими Ҷоизаҳо дар соҳаи мусиқии муосир – «Суруди сол-2003»-ро баргузор намуд.

2007 — Швейтсария ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба маблағи 145 ҳазор доллари ИМА китобҳо тақдим намуд.

2012 — Парлумон ба Кодекси андози ҶТ тағйироту иловаи марбут ба бекор кардани ААИ аз хизматгузориҳои аэронавигатсиониро ворид кард.

2012 — Дар пойтахти ИМА миёни Тоҷикистону ИМА машваратҳо доир гардиданд.

1934 – Зодрӯзи шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон Ӯлмас Ҷамол.

1948 – Мавлуди сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Низом Ҳамробоев.

1964 – Зодрӯзи нависанда ва драматург Тоҳири Муҳаммадризо.

1973 — Мавлуди журналист Хуршед Андамов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +26+31, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +14+19.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, ҷола.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +22+27.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +6+11, рӯзона +19+24; дар шарқ шабона-2+3, рӯзона +9+14.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16 рӯзона +26+31, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +17+22.  

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +28+30.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +21+23.