Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 13 июн оид ба масоили рафти амалисозии лоиҳа ва барномаҳои таъиноти руши иқтисодӣ ва иҷтимоии пойтахт машварати корӣ доир гардид.

Раиси пойтахт таваҷчуҳи ҳозиринро ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ тавассути ба истифода додани иқтидорҳои нав дар иқтисод, савдо ва бахши иҷтимоӣ ҷалб намуд.

Дар робита ба масъалаи истифодаи мақсадноки воситаҳои буҷетӣ таъкид шуд, ки бинобар сабабаи буҳрон, аз маблағгузории лоиҳаҳои дуюмдараҷа мебояд даст кашид ва назди сохторҳои дахлдор вазифа гузошта шуд, ки воситаҳои хароҷот аз буҷети шаҳр таҳти назорат гирифта шуда, ба муомилоти коррупсионӣ роҳ дода нашавад.

Дар машварат ҳамчунин масоили ғановати бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти ниёзи аввалия, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, беҳбуди вазъи санитарӣ дар шаҳр ва вусъати корҳои эмин нигоҳ доштани дарахту сабзазорони шаҳр баррасӣ шуданд.