Анонс

- Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии ИМА генерал Ҷозеф Л. Вотел ба Тоҷикистон ташриф меорад;

- Дар маҷмаии давлатии «Кохи Наврӯз»-и пойтахт вохӯрии коршиносони сатҳи баланд оид ба масоили дарёфти ҳаллу фасл ва роҳу воситаҳои пешгирии ифротгароии зӯроварона ба кори худ идома медиҳад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8687 сомонӣ;

1 евро – 8.8735 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1182 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1931 — Бо фармони Кумитаи иҷроияи марказии ҶШС Тоҷикистон ноҳияи Файзобод таъсис дода шуд.

2000 – Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии сарони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

2009 — Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узвии СААД дар Маскав иштирок кард, ки дар он дар бораи таъсиси Нерӯҳои зудамали кишварҳои узви СААД созишнома ба имзо расид.

1932-1995 – Зодрӯзи овозхон ва оҳангсоз Ҳаким Маҳмуд.

1939 – Мавлуди доктори улуми биология, профессор Муҳаббат Бобоҷонова.

1944 – Зодрӯзи оҳангсоз Абдусалом Раҳимов.

1951 – Мавлуди муаррих ва сиёсатшинос Худойбердӣ Холиқназаров.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +27+32.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +22+27, рӯзона +39+44, дар доманакӯҳҳо шабона +16+21, рӯзона +32+37.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +11+16, рӯзона +27+32; дар шарқ шабона +1+6, рӯзона +14+19.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20 рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +26+31. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +30+32.