Журналисти маъруфи радио Шарифи Мисайзод имрӯз дар синни 50-солагӣ бар асари сактаи қалб дар Душанбе аз олам даргузашт.

Шарифи Мисайзод соли 1966 таваллуд шуда, аз соли 1992 дар радиоҳои «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», радиои «Фарҳанг» ба фаъолият пардохт.

Замони ҷанги шаҳрвандӣ дар барномаи «Хоки Ватан»-и радиои «Тоҷикистон» ровигӣ карда, ҳамдиёронеро, ки қаламрави Тоҷикистонро тарк карда буданд, ба бозгашт ба Ватан даъват мекард.

Соли 2014 Шарифи Мисайзод дар номинатсияи «Беҳтарин радиожурналисти сол» дар озмуни «Ҷило» ғолиб дониста шуд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба хешону пайвандон ва наздикони марҳум тасаллият изҳор намуда, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.