Анонс

- Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо иштироки ҳунармандони маъюби Чин консерт доир мегардад;

- Дар толори театри ба номи Лоҳутӣ ҳунармандони театри ба номи Маяковский спектакли «Маша, Медведь ва Пожаркин»-ро намоиш медиҳанд. Оғоз соати 08-30;

- Дар дафтари кории Россотрудничество дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши ҳамватанони русиягӣ дар нигаҳдорӣ ва рушди забони русӣ дар Тоҷикистон» мизи гирд барпо мешавад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8685 сомонӣ;

1 евро – 8.8371 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1165 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1925 — Дар Гурзуф (Қрим) лагери пионерии «Артек» ба фаъолият шурӯъ кард.

2004 – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ тағйироту илова ба қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ»-ро маъқул шуморид.

2014 — Дар Хоруғ ба гумони даст доштан дар ҷосусӣ олими ҷавон Александр Содиқов боздошт шуд.

1944 – Зодрӯзи доктори улуми таърих Аскаралӣ Раҷабов.

1945 – Мавлуди ҳунарманди сирк, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Назринисо Алиева.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +18+23.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +26+31.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +21+26; дар шарқ шабона +1+6, рӯзона +12+17.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18 рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +20+25. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +29+31.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +22+24.