Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон дар кори Конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкорӣ оид ба муҳити зист ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ (ОМ)» ки санаи 21 июн дар шаҳри Алмаато (Қазоқистон) доир мегардад, иштирок мекунад.

Дар конфронси мазкур роҳбарони мақомоти дахлдори кишварҳои Осиёи Марказӣ, коршиносони минтақа, мутахассисон аз дигар кишварҳои ҷаҳон ва намояндагони созмону ташкилотҳои байнулмилалии машғул ба масоили ин соҳа маърӯза мекунанд.

Баррасии рушди ҳамкориҳои экологӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дастоварду пешравӣ ва нақшаву афзалиятҳо дар ин самт, масоили тағйирёбии иқлим ва ҳамкориҳо дар соҳаи об аз ҷумлаи ҳадафҳои ин чорабинӣ унвон шуда, аз рӯи натиҷаҳои кори конфронс имзои санади ниҳоии муайянкунандаи стратегияи ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ дар ин самт дар даҳсолаи оянда дар назар аст.

Ташкили корҳои тадорукотии баргузор намудани чорабинии мазкур дар сатҳи зарурӣ ба дӯши Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ вогузор шудааст.