Анонс

- Дар маҷмааи савдои «Пойтахт-90» аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Италия нишасти хабарӣ ва маросими муаррифии ҶДММ «Дюром» доир мегардад. Оғоз соати 14-00;

- Дар меҳмонхонаи «Хайят» дар Душанбе маросими муаррифии таҳқиқоти Бонки осиёгии рушд «Пешбурди гуногунсозии содирот ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон» баргузор мешавад;

- Ҳаракати нақлиёт дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт аз соти 19:00 то 22:00 қатъ мегардад. Ин муддат дар майдон чорабиниҳои омодагӣ ба гузашти низомӣ барпо мегардад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8682 сомонӣ;

1 евро – 8.9131 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1205 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон.

1960 – Бори нахуст мавҷудоти зиндаи ба кайҳон бароварда – сагҳо Белка ва Стрелка ба Замин баргаштанд.

2003 – Дар тендери сохтмони нақби Анзоб ширкати эронии «Собир» ғолиб дониста шуд.

2010 — Дар Душанбе нахустин қитъа (шуъба)-и милиса барои ҷабрдидагон аз шиканҷа боз шуд.

2013 — Ширкати расонаҳои Tajinfo шабакаи радиои писандидаи «Муҳоҷир» дар Маскавро харидорӣ намуд, ки тариқи реҷаи он-лайн дар шабакаи Интернет пахш мешавад.

1515-1580 – Зодрӯзи шоири форсу тоҷик, таърихшинос ва тарҷумон Абдибек Шерозӣ.

1909-1984 – Мавлуди коргардони кино Рафаил Перелштейн.

1954 – Зодрӯзи доктори улуми биологӣ Саидалӣ Гулов.

1961-2001 – Мавлуди овозхон Муборакшо Мирзошоев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +22+27.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +16+21, рӯзона +30+35.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +12+17, рӯзона +27+32; дар шарқ шабона +3+8, рӯзона +14+19.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +28+33. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +38+40.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +27+29.