Минтақаи баландкӯҳи Помири Тоҷикистон ба рейтинги ҷаҳонии "100 green destinations" - «100 самти глобалии устувор» (The Sustainable Destinations Top 100) шомил гардид. Дар ин бора санаи 27 сентябр дар Рӯзи байнулмилалии сайёҳӣ (туризм) дар шаҳри Кашкайше (Португалия) хабар дода шуд.
Мувофиқи рӯйхати ғолибони рейтинг, миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ танҳо Тоҷикистон дар ин номинатсия ҳузур дорад.
Тавре ба «Азия-Плюс» раиси Шӯрои мудирони Ассотсиатсияи экологӣ ва фарҳангиу сайёҳии Помир (ПЭКТА) Кишвар Абдулалишоев хабар дод, шомил гардидани Помир ба ин феҳрист аз эътирофи минтақа ба сифати яке аз беҳтарини самтҳои сайёҳии экологӣ гувоҳӣ медиҳад.
«Помир пайдарпай бори сеюм аст, ки ба шумори «Тор 100» беҳтарин макони устувор ва сабз барои сайёҳии ҷаҳонӣ дохил мешавад, - гуфт ӯ. - Соли гузашта Кӯҳҳои Помир (Pamir Mountains), водии Вахон ва дараи Бартанг низ дар ин рӯйхат ҳузур доштанд».
Бино ба маълумоти таҳиягарони рейтинг, самтҳои сабз ва устувор аз рӯи манзараҳои табиат, муҳити зист ва иқлим, фарҳангу расму оин, рафтори одамон ва меҳмоннавозӣ, ҳамчунин идоракунии устувории нуқтаи таъинот интихоб карда мешаванд.
Ба гуфтаи К.Абдулалишоев, ба ин феҳрист шомил гардидани Помир ба таваҷҷуҳи бештари туризми ҷаҳонӣ ба тамоми Тоҷикистон мусоидат намуда, барои рушди ин соҳа ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ин замина шароити мусоид фароҳам меоварад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.