Созишномаи байниҳукуматӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон, ки буду боши БЕРАВОДИДИ  шаҳрвандони ду кишварро ба муддати 30 рӯз пешбинӣ мекунад, ба имзо расид.

Аз Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар арафаи иди Наврӯз ва минбаъд тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сарҳади давлатиро бо ҳуҷҷатҳои зерин убур намоянд.

1. Шиносномаи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (намунаи биометрӣ)

2. Шиносномаи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (то 1 феврали соли 2022)

3. Шиносномаи хизматии Ҷумҳурии Тоҷикистон (намунаи биометрӣ).

4. Шиносномаи хизматии Ҷумҳурии Тоҷикистон (то 1 феврали соли 2022).

5. Шиносномаи хориҷии умумишаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон (намунаи биометрӣ).

6. Шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (то 1 феврали соли 2022).

7. Шаҳодатнома барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамчунин маълумот дода шуд, ки дар Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаргоҳҳои сарҳадии ҷонибҳо аз рӯи реҷаи зерин фаъолият менамоянд :

Гузаргоҳҳои автомобилӣ:

1. “Патар” (ноҳияи Конибодоми в. Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон)  – “Андархон” (ноҳияи Бешариқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон), “Байналмилалӣ” бо низоми кории шабонарӯзӣ.

2. “Фотеҳообод” (ноҳияи Мастчоҳи в. Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон)  – “Ойбек” (ноҳияи Бекободи вилояти Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон), “Байналмилалӣ” бо низоми кории шабонарӯзӣ.

3. “Саразм” (шаҳри Панҷакенти в. Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон)  – “Ҷартеппа” (ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон), “Байналмилалӣ” бо низоми кории шабонарӯзӣ.

4. “Дӯстӣ” (шаҳри Турсунзодаи НТМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон) – “Сариосиё” (ноҳияи Узуни вилояти Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон), “Байналмилалӣ” бо низоми кории шабонарӯзӣ.

5. “Айвоҷ” (ноҳияи Шаҳритуси в. Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон)  – “Гулбаҳор” (ноҳияи Термизи вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон), байналмилалӣ бо низоми кории шабонарӯзӣ.

6. “Равот” (ноҳияи Конибодоми в. Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон) – “Равот” (ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон), дуҷониба бо низоми кории рӯзона.

7. “Навбунёд” (ноҳияи Ашти в. Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон)  – “Пап” (ноҳияи Папи вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон),  дуҷониба бо низоми кории рӯзона.

8. “Қуштегермон” (ноҳияи Спитамени в. Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон)  – “Платина” (ноҳияи Бекободи вилояти Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон), дуҷониба бо низоми кории рӯзона.

9. “Зафаробод” (ноҳияи Зафарободи в. Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон)  – “Хавостобод” (ноҳияи Хавости вилояти Сирдарё Ҷумҳурии Ӯзбекистон), дуҷониба бо низоми кории рӯзона.

10. “Ҳаштияк”  (ноҳияи Спитамени в. Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон)  – “Хавостобод” (ноҳияи Хавости вилояти Сирдарё Ҷумҳурии Ӯзбекистон), дуҷониба бо низоми кории рӯзона.

11. “Хавотаг” (ноҳияи Зафарободи в. Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон)  – “Учтурғон” (ноҳияи Заамини вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон), дуҷониба бо низоми кории рӯзона.

12. “Уротеппа” (ноҳияи Истаравшани в. Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон)  – “Қушкент” (ноҳияи Заамини вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон), дуҷониба бо низоми кории рӯзона.

Гузаргоҳҳои роҳи оҳан:

13. “Нов” (ноҳияи Спитамени в. Суғдӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон) – “Бекобод” (ноҳияи Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон) “Байналмиллалӣ” бо низоми кории шабонарӯзӣ.

14. “Истиқлол” (ноҳияи Конибодоми в. Суғдӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон) – “Андархон” (ноҳияи Бешариқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон) “Байналмиллалӣ” бо низоми кории шабонарӯзӣ.

15. “Пахтаобод” (шаҳри Турсунзодаи НТМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон)  – “Узун” (ноҳияи Деҳнави Ҷумҳурии Ӯзбекистон) “Байналмиллалӣ” бо низоми кории шабонарӯзӣ.

16. “Хошадӣ” (ноҳияи Шаҳритуси в. Хатлонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон)  – “Аму-занг” (ноҳияи Термизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон) “Байналмиллалӣ” бо низоми кории шабонарӯзӣ.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии президенти Ӯзбекистон, муқаррароти Созишномаи мазкур то замони тасдиқи расмии он аз 16 марти соли 2018 нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба қаламрави Ӯзбекистон равуо мекунанд, тариқи транзит онро убур мекунанд ва муваққатан дар қаламрави ин кишвар ҳузур доранд, мавриди амал қарор мегирад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.