Дар наҷоти муштариёни маркази тиҷории оташгирифтаи “Зимняя вишня”-и шаҳри Кемеровои Русия 5 шаҳрванди Тоҷикистон низ саҳм гузоштаанд.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин панҷ нафар, ки кормандони мағозаҳои либосу пойафзол дар ошёнаи дувуми марказ буданд, беш аз 50 нафарро аз дами оташ берун овардаанд.
Рӯзи чоршанбе дар шабака маълумоте интишор шуд, ки дар он гуфта мешавад, ду корманди фурӯшгоҳи пойафзоли маркази тиҷоратӣ ба наҷоти даҳҳо нафар аз сӯхтор кумак кардаанд, аммо зикр нагардид, ки ин нафарон зодагони Тоҷикистон мебошанд.
Ба наҷоти мушатриёни марказ панҷ нафар шаҳрвнадони Тоҷикистон - Фарзон Салимов, Маҳмуд Хоҷаев, Кароматулло Қурбонов, Ҷамшед Абдуллозода и Суҳроб кумак кардаанд.
Фарзон Салимов, яке аз ин афрод, ки зодаи шаҳри Душанбе аст, 27 март гуфтааст, ҳамроҳи ҳамватанони худ танҳо қарзи инсонияшонро анҷом додаанд ва ба ҷойи онҳо низ каси дигаре ҳам мешуд, ин корро мекард.
"Як ҷиянам муҳофизи мағоза аст. Ӯ бо “ратсия” хабар дод, ки дар ошёнаи чаҳорум сӯхтор сар задааст ва мардум мефароянд. Ба ақиб нигоҳ кардам, ки воқеан ҳама медаванд. Мо дар дохили мағоза “ратсия” дорем ва зуд ба кормандони дигар хабар додем, ки ҳамаро берун бароред ва худатон ҳам бароед”, - афзуд ӯ.
Баробари берун баромадани ӯ ва ҳамкори дигараш Маҳмуд Хоҷаев ба наҷоти одамон аз қисмати дигари бино идома доданд. “Аз тарафи дигари бино барои баромадани одамон аз назди лифт ёрдам кардем. Дар онҷо ду нафар бо аробачаи маъюбӣ дармонда буданд. Онҳоро низ зуд ба берун баровардем”, - нақл кард ӯ.
Фарзон Салимов соли 2003-юм ба Русия рафта, пас аз хатми донишгоҳ барои кору зиндагӣ ин кишварро интихоб кард. Ҳоло шаҳрвандии Русияро низ гирифта, бо зану се фарзандаш дар шаҳри Кемерово ба сар мебарад. Дар маркази «Зимняя вишня» ҳамроҳи ӯ 4 шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҳам кор мекардаанд.
Ёдрас мекунем, ки бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи сӯхтор дар маркази тиҷоратии шаҳри Кемеровои Русия 64 кас ҷон бохтаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.