Имсол беш аз 50 нафар омӯзгорони фанҳои гуногун аз Русия ба таълими толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон машғул мешаванд.
Охири ҳафтаи гузашта омӯзгорони Русияро кормандони давлативу рӯзноманигорон, директорону муаллимони мактабҳои Тоҷикистон ар фурудгоҳи Душанбе пешвоз гирифтанд. Байни онҳо 26 нафар омӯзгороне буданд, ки бори нахуст ба Тоҷикистон барои кор омадаанд.
Тибқи қарордод Тоҷикистон ба омӯзгорони Русия музди меҳнати миёна дар ҷумҳурӣ - 14 ҳазор рубл (2130 сомонӣ) пардохт намуда, онҳоро бо манзил таъмин мекунад. Боз Вазорати маорифи Русия ба онҳо 60 ҳазор рубли дигар (9131 сомонӣ) маош пардохт намуда, суғуртаи тиббиашонро таъмин мекунад.
Ёдрас мекунем, ки қарори роҳандозии лоиҳаи сафарбарии омӯзгорони Русия ба Тоҷикистон соли 2017 дар сатҳи сарони ҳарду кишварҳо – Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон қабул шуда буд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.