Бо ҳузури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маросими ба истифода додани пули роҳи оҳан ва автомобилгард дар буриши кӯчаҳои Муродулло Шерализода ва Асадулло Ғуломов бо хиёбони Абӯалӣ ибни Сино (назди автовокзал) баъд аз таъмиру навсозӣ баргузор шуд.
Бинои ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, иншооти мазкур аз пули роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард иборат буда, зимни анҷоми корҳо масоҳати беш аз 1,5 км роҳҳо бунёд ва азнавсозӣ гардидаанд.
Гуфта мешавад, баландии такядеворҳои пул 5 метр буда, тамоми деворҳо бо сангҳои хоро ва роҳравҳо бо тахтасангҳо оро дода шудаанд ва дар ду тарафи он панҷараҳои мунаққаши оҳанӣ насб гардида, аломатҳои ороишии онро таҷҳизоти равшандиҳанда зиннат медиҳанд.
Зимнан зикр мегардад, ки корҳои сохтмонӣ дар қисмати поёнии пул низ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ороишии муосир бо сифати баланд иҷро гардида, бо мақсади таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт дар чаҳор қитъаи иншоот аломатҳои зарурии ҳаракат дар роҳ насб карда шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли 2017 Рустами Эмомалӣ пули мошингард ва роҳи оҳани воқеъ дар буриши кӯчаҳои Аҳмади Дониш ва Моёншо Назаровро дар роҳ ба самти фурудгоҳ ба истифода дода буд.
Барои анҷоми корҳои таъмиру навсозии пули мазкур КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” беш аз 1 млн. 400 сомонӣ маблағ масраф кард.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
“Лағви комили раводид”. Сафири Тоҷикистон дар Эрон омили асосии рушди тиҷоратро гуфт
Заминҳои номуносиб барои зиндагӣ. Ҳолати 30%-и заминҳои кишт дар Тоҷикистон хуб нест
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста