Таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа оид ба масъалаи вазъи расонидани ёрии фаврӣ ва аввалияи тиббӣ дар муассисаҳои табобатию пешгирӣ машварати корӣ доир гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифҳи иҷтимоии аҳолии ҶТ, зимни суханронӣ дар машварат вазир изҳор дошт, ки сатҳу сифати расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ, бахусус шабона дар муассисаҳои табобатию пешгирии дар шаҳри Душанбе ҷойгирбуда, махсусан дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббӣ – Шифобахш” ташвишовар мебошад.
Ӯ таъкид намуд, ки ёрии аввалияи тиббӣ дар муассисаҳои тиббӣ, новобаста аз шакли моликият, ройгон буд, ройгон аст ва ройгон боқӣ мемонад. Аз роҳбарон танҳо талаб карда мешавад, ки вазифаҳои хизматии худро содиқона иҷро намуда, кўмаки беғаразонаи худро ба аҳолӣ расонанд. Аммо, муттаассифона, ҳолатҳое ҳастанд, ки боиси норозигии аҳолӣ ва шаҳрвандон мешаванд, бахусус, шабонгоҳон, ҳол он ки барои расонидани кўмаки аввалияи тиббӣ тамоми мавод дар муассисаи тиббӣ бояд муҳайё бошанд.
Ба роҳбарони муассисаҳои тиббӣ дастур дода шуд, ки бо беморон ва хешовандони онҳо муомила ва муоширати хубро ба роҳ монанд, инчунин супориш дод, ки фаъолияти дорухонаҳои шабона низ, ки дар дохили муассиса фаъолият мекунанд, зери назорат гирифта шаванд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.